You are here

You are here

https://d1zah1nkiby91r.cloudfront.net/s3fs-public/2020_0604_uca_-_building_a_university_town_in_khorog_tajik.pdf
PDF icon Download (2.19 MB)
Бунёди шаҳри донишгоҳӣ дар Хоруғ

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, яке аз муассисаҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) тӯли чандин сол кампусҳои худро дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон, Норини Қирғизистон ва Текелии Қазоқистон бунёд мекунад, то ин ҷойҳо ба шаҳрҳои донишгоҳӣ табдил ёбанд. Шурӯъ аз соли 2009 Хадамоти фарҳанги Оғохон (AKTC) ба шаҳрдории Хоруғ дар заминаи таҳия кардани марҳилаи аввали нақшаи кулии шаҳри Хоруғ кумак мекунад. Ин иқдом шомили нақшаи роҳбурдӣ (стратегӣ) барои мудирияти рушд, истифодаи замин ва бозсозии Боғи шаҳри Хоруғ дар соли 2007 мешавад. Хадамоти фарҳанги Оғохон соли 2010 маводҳои барномарезии худро бо ҷузъиёти бештари барномаҳои шаҳрсозӣ таҷдид кард ва моҳи феврали ҳамон сол Нақшаи стратегии шаҳр ва Пешниҳоди минтақабандиро таҳия намуд. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти фарҳанги Оғохон ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист (AKAH) ният дорад, ки марҳилаи дуввуми Нақшаи куллии шаҳрро бо шаҳрдории Хоруғ мавриди баррасӣ қарор диҳад. Дар ин марҳила ба нуктаҳои калидии шаҳри Хоруғ таваҷҷуҳи дигарбора сурат мегирад ва минтақае таъсис дода мешавад, ки маркази шаҳро бо кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ бипайвандад.