You are here

You are here

  • Алиҷон (аз тарафи чап) ҳангоми таъмири мошин бо яке аз ҳамкоронаш
    UCA
Соҳибкори тоҷик тиҷорати чандсамтӣ эҷод мекунад

Рӯзи кории Алиҷон Давлатмиров дар миёни мизу курсиҳои шикаста ва мошинҳои таъмирталаб шурӯъ мешавад. Тиҷорати вай натанҳо боиси коҳиши масрафи пул дар миёни сокинон мегардад, балки аз зиёд шудани партовгоҳҳо низ ҷилавгирӣ мекунад. 

Алиҷони 31 сола соли 2005 зодгоҳи худ-рустои Бунии ноҳияи Шуғнонро тарк карда, то соли 2016 дар Русия кору зиндагӣ мекард. Бо орзӯи ба роҳ мондани тиҷорати хусусии худ дар заминаи кафшергарӣ ва таъмири нақлиёт аз Русия баргашт. Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори (ММКД) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои Алиҷон иҷоза дод, ки дар дохили бинои Мактаби таҳсилоти касбӣ-техникӣ барои худ маҳалли кор бисозад ва аз ин тариқ орзӯи ӯро ба воқеъият табдил дод.

Ӯ бо шӯру шавқи зиёд ва бо ҳадафи тақвият додани истеъдодаш соли 2017 худро дар дарсҳои қубуркашии (сантехникӣ) Мактаби таҳсилоти касбӣ-техникии ММКД сабти ном кард, ки ба дониши амалӣ ва назариявии вай таъсири мусбат гузошт. Алиҷон ҳоло худро аз аввалин шахсоне медонад, ки бисёре аз ҷанбаҳои кори қубуркаширо шурӯъ кардааст. Ӯ мегӯяд: “Мо дар заминаи қубуркашӣ хеле корҳои навро ба роҳ мондем, ки қаблан дар Хоруғ анҷом намешуданд. Масалан, қаблан агар обгармкунакҳои мардум аз кор мемонданд онро бо пардохтани 800 сомонӣ аз нав мехариданд. Ҳоло, мо онро бар ивази 100 сомонӣ таъмир мекунем ва сокинони шаҳри Хоруғ ҳам пул сарф намекунанд ва ҳам муҳити зист ҳифз мешавад ”.

Алиҷон акнун дар заминаи оҳангарӣ низ омӯзиш дидааст ва барои сохтани дар, дарвоза ва панҷараҳои оҳанин муштариёни зиёде дорад. Ӯ инро на танҳо имконияти густариш додани тиҷорати худ, балки ба унвони як фурсати мусоидат кардан ба иқтисоди маҳаллӣ мебинад. “Ҳадафи ман расидан ба нуқтае аст, ки мо набояд маҳсулотро аз ҷойи дигар ворид кунем, балки онро дар минтақаи худ тавлид кунем”-мегӯяд Алиҷон. “Барои сохтани мизу курсӣ ашёи хомро аз Чин ва ё Душанбе мехарем, ки сифати хуб надорад. Мо мехоҳем онро инҷо истеҳсол кунем, то мардум барои хариди маҳсулоти босифат танҳо як бор пул бипардозанд ва имконияти таъмир кардан низ фароҳам бошад”

Алиҷон Давлатмиров ба ғайр аз машғул будан ба тиҷорати худ дар анҷом додани корҳои ифтихорӣ низ хеле фаъол аст. Ӯ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Умедвор” дар сохтани курсиҳои хиёбонӣ, рафҳои китоб, гулдонҳо ва китобхонаҳои сайёр кумак кардааст. “Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори (ММКД) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шурӯъ кардан ва густариш додани тиҷоратам маро дастгирӣ кард ва зиндагии маро тағйир дод. Ман мехоҳам онро пеш бубарам ва ба ҷомеаи худ хидмат бикунам.”