You are here

You are here

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китобхонаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо донишҷуён суҳбат мекунад.
    UCA
Президент Эмомалӣ Раҳмон нахустин Донишгоҳи минтақавиро дар Тоҷикистон ифтитоҳ мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 уми сентябри соли 2018 нахустин донишгоҳи хусусии минтақавиро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард. Кушодашавии расмии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва ба фаъолият шурӯъ кардани он пас аз ифтитоҳи кампуси Нарин дар соли 2016 як марҳилаи дигари таърихӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми суханронии худ дар ҷамъи ҳазорнафараи меҳмонон гуфт: “Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ саҳифаи нав дар низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат мебошад. Бовар дорам, ки фаъолияти муассисаи навтаъсис на танҳо ба нафъи мамлакати мо мебошад, балки барои густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои минтақа дар соҳаи маориф хизмат хоҳад кард.”