
Фонди Тоҷикистонии Оғохон фаъолияти худро дар соли 1993, ҳангоме ки дар натиҷаи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) норасоии шадиди озуқаворӣ ба миён омад, бо расонидани кӯмаки башардӯстонаро сар кард. Фонд бо ҷонибдории дарозмуддати ба худ хос ва тарзи корбурди ҷамоавӣ тавсиф дода мешавад ва дар амалӣ намудани чорабиниҳои баландсифат оид ба беҳтар кардани сифати зиндагӣ пешқадам мебошад. Фонди Тоҷикистонии Оғохон яке аз шарикони боварибахш ва самараноки Тоҷикистон дар соҳаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ буда, Тоҷикистонро дар амалӣ кардани Стратегияи миллии рушд ва ҳадафҳои СММ дар соҳаи рушди устувор дастгирӣ мекунад. Доираи фаъолияти Фонди Тоҷикситонии Оғохон минтақаи калони ҷуғрофиро дарбар гирифта он дар зиёда аз 36 ноҳияи ҳудуди ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Ноҳияҳои тобеи марказ (Водии Рашт) фаъолият намуда ба зиёда аз 1.9 миллион нафар хизмат мерасонад.