Ташкилоти
Оѓохон оид ба рушд (АКДН) дар роњи ояндаи Тољикистони дорои иќтисоди серравнаќ, суботи сиёсї, неруи аќлонии пурѓановат ва фарњанги озодандеш фаъолият мекунад. Њадафњои мазкур тавассути таъсиси барномаю сохторњое татбиќ мегарданд, ки бањри њамкории муштараки маќомоти иљроияи њокимияти давлатї, бахши хусусї ва љомеъаи шањрвандї бо маќсади такомули неруи кишвар мусоидат мекунанд.
Ба сохтори Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд бахшњое шомилананд, ки дар самтњои мухталиф, аз љумла рушди иќтисодии кишвар, инкишофи дењот, маориф, эњёи фарњанг, инчунин сињатии омма ва хадамоти молиявї фаъолият мекунанд. Фаъолияти бахшњои мазкур ба њам алоќаманд буда, онњо бањри мароми муштараки таъсиси сохтору барномањои љавобгўи мушкилоту шароитњои мусоиди равнаќи иљтимої, иќтисодї ва фарњангии Тољикистон, ки марњилаи муосири тараќќиёти давлат пайдо мешаванд, амал мекунанд.
Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд дорои таљрибаи ѓании кор дар манотиќи кўњистон буда, фаъолияти он дар Тољикистон аз соли 1992 идома дорад. Он дар тамоми вилоятњои мамлакат намояндагињои худро дошта, њоло тавассути фаъолият ва маблаѓгузории хеш ќариб 3000 нафарро бо кор таъмин месозад.
Рушди иќтисодїТашкилоти Оѓохон оид ба рушддар соњаи рушди иќтисодї бо дарназардошти дарку эњсоси мушкилоти Тољикистон самтњои мухталифро маблаѓгузорї мекунад, ки ба бењбудии инфраструктураи зарурї ниёз доранд.
Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд дар њамкорї бо шарикони хеш Ширкати Помир Энерљиро таъсис дода буд. Ширкати мазкур дар доираи шартномаи шарикии љамъиятию хусусе, ки бо Њукумати Љумњурии Тољикистон ба тасвиб расидааст, фаъолияти кулли сохторњои истењсолкунанда, интиќолдињанда ва таќсимкунандаи ќувваи барќро дар сар то сари Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон идора менамояд. Шартномаи мазкур дар муддати 25 сол амал хоњад кард.
Аз соли 2002 Шаркати Помир Энерљї зиёда аз 26,8 миллион доллари амрикоиро барои тааъмири инфраструктура, таќвияти неруи барќии обї ва љорї намудани низоми бањисобгирии истифодаи барќ дар ВМКБ маблаѓгузорї намудааст.Баъди азнавсозиаш зиёда аз 86 фоизи ањолии ВМКБ аз истифодаи ќувваи барќ бархурдор гардидаанд. Аз соли 2002 то кунун њаљми умумии истењсоли ќувваи барќи тамоми 11 истгоњи барќии обї аз 28 МВт то 42 МВт афзуд.
Соли 2001 Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд ва шарикони он бо маќсади ќонеъ намудани талаботи рўзафзуни хизматрасонї ва тавсиаи неруи соњаи алоќаи мобилии кишвар Ширкати Индиго Тољикистонро таъсис доданд. Њоло Индиго аз чињати даромади худ яке аз ширкатњои калонтарини алоќаи мобилии мамлакат буда, даромади солонаи он 50 миллион доллари амрикоиро ташкил медињад ва аз љињати шумораи муштариёнаш, ки дар соли 2007 28 фоизи њаљми умумии бозори алоќаи мобилиро ташкил медод, дар маќоми дуюм ќарор дорад. Шабакаи ширкати мазкур зиёда аз 90 фоизи ќаламрави мамлакатро фаро гирифта, ба муштариёнаш бо сифати аъло хизмат мерасонад ва амалиёти мансуб ба ширкатњои мухобиротии Тољикистонро таъмин менамояд.
Бахши сайёњии Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд тавассути мењмонхонаи Серена Инн дар шањри Хоруѓ ва инчунин сохтмони мењмонхони панљситорадори Серена дар шањри Душанбе, ки арзиши сохтмони он 40 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад, амалї мегардад. Анљоми сохтмони мењмонхона дар соли 2009 дар назар аст. Иншооти мазкур яке аз иморатњои зебо ва иборат аз 95 њуљраю апартамент хоњад буд. Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд тавассути сохтмони мењмонхонањои Серена ибтикороти Тољикистонро љињати фароњам овардани фазои боз њам мусоид барои мењмонони кишвар дастгирї намуда, зимнан бањри равнаќи иќтисодї ва бењбудии шароити зисти ањли љомеъа мусоидат мекунад.
Маориф
Лисеи Оѓохон, ки соли 1998 дар шањри Хоруѓ таъсис ёфта буд, яке аз аввалин мактабњои хусусии ВМКБ мебошад. Мактаб барои 950 љои талабаи аз синфи 1 то синфи 11 таъин шудааст. Таълим тавассути муаллимони баландихтисос бо се забон – тољикї, русї ва англисї доир мегардад.
Барномаи Оѓохон оид ба инсоншиносї соли 1997 дар шањри Душанбе таъсис ёфтааст. Фаъолияти барномаи мазкур ба ќадршиносї ва равнаќи гуногунандешии аќидањо, фарњангњо ва ашхос тавассути тањияю татбиќи навгонињои барномањои таълимї дар асоси анъанањои фарњангии Осиёи Марказї равона шудааст. Зиёда аз 20000 донишљўи мамолики Осиёи Марказї курсњои инсоншиносиро бомуваффаќият хатм намуда, 46 муаллими факултањо методикаи таълими курси инсоншиносиро омўхтанд.
Баъди ифтитоњи шањраки Донишгоњи Осиёи Марказї дар Хоруѓ Донишгоњ ба донишљўён барномањои таълимии меъёри байналмилалиро пешкаш хоњад кард. Дар асоси шартномаи байналмилалї ва оинномае, ки аз љониби Њукуматњои Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Тољикистон ва Волоњазрат Оѓохон соли 2000 ба имзо расидаанд, Донишгоњи Осиёи Марказї таъси ёфт. Ин Донишгоњ дар Осиёи Марказї ба донишљўён маълумоти олии меъёри байналмилалиро хоњад дод ва мутахассисони дорои дараљаи баланди донишу мањорат ва неруи эъљодии ќобили татбиќи ѓояњои нав, идоракунї ва навгонињоро дар иќтисоди марњилаи гузариши мамолики минтиќа тайёр менамояд.
Соли 2006 Мактаби таълимоти касбї ва давомдори Донишгоњи Осиёи Марказї таъсис дода шуд. Он дар Осиёи Марказї аввалин муассисаест, ки дар заминаи Донишгоњ маълумоти касбиро бидуни гирифтани диплом медињад. Дар доираи мактаби таълимоти касбї ва давомдори Донишгоњи Осиёи Марказї бо маќсади љонибдории рушди иќтисодї курсњои омўзиши фанњои мухталифи тахассусї амал мекунанд, ки барои рушди инфиродии њам љавонон ва њам ашхоси дорои синну соли калонтар таъсис дода шуданд. Њоло дар шањр Хоруѓ сохтмони шањраки Донишгоњи Осиёи Марказї идома дорад, ки он яке аз се се шањраки банаќшагирифта дар Осиёи Марказї буда, барои 1000 донишљў ва 200 корманд таъин шудааст.
Бахшњои Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд бо сохторњои њукуматии вилоятї њамкорї мекунанад. Масалан, яке аз чунин сохторњо Донишкадаи рушди касбї аст, ки дар он методњои нави таълим љорї гардида, оид ба бунёду рушди неруи соњаи маориф корњои зиёде ба сомон расонда мешаванд. Соли 2006 105 мактаб ва зиёда аз 15 000 бачагон ба чорабинињое, ки дар доираи барномаи «Равнаќи њаматарафаи шароити таълим дар мактабњо»доир гардиданд, фаро гирифта шуданд. Дар назар аст, ки то соли 2011 ин барнома тамоми мактабњои ВМКБ-ро фаро гирифта, њамчун модели интишори минбаъдаи методњои нави таълим хидмат мекунад.
Тандурустї
Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд бо маќсади комёб шудан ба сињатии устувори ањолии Тољикистон, хусусан атфоли то панљсола ва занони ќобили таваллуд дар бахши таъмини хадамоти дастрас барои маърифати санитарию бењдошт, пешгирї ва сариваќ ошкор кардани беморї дар самтњои гуногун ва расондани ёрии тиббї фаъолит дорад.
Фаъолияти Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд дар бахши тандурустї самтњои мухталифро дар бар мегирад. Масалан, он бо маќасади такмили маърифат ва расондани кумак ба ањли љамоат дар масоили гуногуни сињатии омма ба 500 нафар кормандони соњаи тандурустии сатњи љамоатњои сар то сари Тољикистон имконияти омўзишро фароњам оварда буд. Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд бањри таъмини ањолии манотиќи дурдасти кишвар аз доруи хушсифату дастрас ба таъсиси фондњои гардони доруворї машѓул аст. Ташкилоти мазкур инчунин бо ширкату њамкории Созмони байналмилалии тандурустї дар аснои тањияи наќшаи љумњуриявии омўзиш барои њамширањои шафќат ќарор дорад. Таъмири беморхонањо ва инфраструктураи соњаи тандурустї низ яке аз самтњои фаълияти Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд мебошад.
Рушди дењот
Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд дар доираи Барномаи Чонибдории Инкишофи Ичтимои Манотики Кухистон (БЧИИМК)-и Фонди Оѓохон якчанд лоињаро дар бахши рушди дењот дар 17 ноњияи се минтаќаи Тољикистон – ВМКБ, водии Рашт ва Вилояти Хатлон бо фарогирї аз 730 000 нафар ањолии минтаќањои мазкур татбиќ менамояд.
БЧИИМК таъсиси Ташкилотхои Дехоти (ТД)-ро њамчун иљрокунандаи фаъолияти барномавии хеш љонибдорї мекунад. Ташкилотхои Дехоти тавассути омўзиш, бунёди неру, инчунин аз љониби фондњои инкишофи дехот аз кумак бархурдор мегарданд. То кунун БЧИИМК таъсиси 1100 ташкилоти дењотро љонибдорї намудааст, ки онњо аз 130 000 нафар ањолии дењањо иборатанд ва 47 фоизи онњоро занон ташкил медињанд.
БЧИИМК ба љамоатњо барои зиёда аз 24 000 кишоварз дар шакли пули наќд ва воситањои моддї мустаќиман ёрї расондааст. Инчунин дар ќаламрави Тољикистон зиёда аз 2400 лоињаи инфраструктурї татбиќ ва ќариб 50 корхонаи нав таъсис гардиданд.
Хадамоти молиявї
Аввалини бонки молиявии хурд дар Тољикистон соли 2003 таъсис ёфта, аввалин бонки тиљоратии дорои иљозатнома аст ва фаъолияти он асосан ба додани ќарзњои хурд равона гардидааст. Њоло бонки мазкур дар шањрњои Душанбе, Хоруѓ, Хуљанд, Кўлоб шањраки Ѓарм шўъбањои худро дорад, ки аз љониби шабакаи идорањои ноњиявиашон дастгирї карда мешаванд. Маќсади асосии бонк нигањдории пасандозњо ва баланд бардоштани некўањволии ањолї дар доираи љонибдории ибтикороти паст кардани сатњи камбизоатї тавассути фароњам овардани маљмўъи васеъи хизматрасонињои пасандозї ва амонатї ба њисоб меравад.
Моњи феврали соли 2008 маблаѓи умумии садуќи ќарздињии бонки мазкур 19,9 миллион доллари амрикоро ташкил дода, 16,9000 нафар мизољони онанд, ки 31 фоизи онњоро за нон ташкил медињанд. Дараљаи баргардонии ќарзњо 99 фоиз аст.
Инфраструктура
Ташкилоти Оѓохон 1,7 миллион доллари амрикоиро барои сохтмон ва таљдиди
чор пули болои дарёи Панљ дар мазеъњои Тем, Дарвоз, Лангар ва Ишкошимро, ки њоло ноњияњои дурдасти Тољикистону Афѓонистонро
ба њам мепайванданд, равона намуд. Пулњои мазкур барои љониби Афѓонистон бањри дарёфти маводи ѓизої, бархурдор шудан аз хизматрасонии муњимтарини иљтимої дар беморхонањои Тољикистон ва дастрас намудани кумаки башардўстона бо роњњои самаранок шароити мусоид фароњам меоранд. Барои љониби Тољикистон онњо имкон медињанд, ки мардум молњои тољирони афѓонро бо нархњои мўътадил дастрас намоянд. Пулњои мазкур бањри мубодилаи ѓояњо ва тањкими муносибатњои њамљаворї мусоидат карда, зимнан сулњу суботу минтаќаро њифз менамоянд.
Рафъи хавфи офатњои табиї
Созмони Фокус Кўмаки Башардўстона (ФОКУС) яке аз бахшњои Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд буда, маљмўъи тадбирњоро дар мањалњо бањри пешгирї ва рафъи офатњои табиї меандешад. Омўзиши тадбирњои омодагї ба офатњои табиї, доир намудани тањќиќи осебпазирї, корњои паст кардани дараљаи хавфи офатњои табиї ва расондани ёрии лозимї аз самтњои фаъолияти ФОКУС мебошанд.
ФОКУС аз лањзаи таъсисаш аз соли 1997 ба зиёда аз 40 офати табиї посух дода, беш аз 500 000 доллари амрикоиро ба таври кумак ба љамоатњо ирсол намудааст.
Лоињањои таълимиии барномаи мазкур, масоили тањќиќ ва паст кардани сатњи офатњои табиї зиёда аз 100 000 нафарро фаро гирифтааст.
АКДН мактабњои мањаллиро барои интиќоли анъанањои мусиќї ба насли наврас ва ба хориљ аз кишвар сафарбар намудани гурўњњои муосири мусиќї, ба мисли ансамбли «Бадахшон» љонибдорї менамояд.Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд саъю кўшиши ањли мусиќї ва љамоати Осиёи Марказиро бобати тањким, њифозат, рушд ва интиќоли анъанањои мусиќї њамчун муњимтарин ќисмати мероси мардумї љонибдорї менамояд.
Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд марказњои устод-шогирдро дар Тољикистон, дастгирї мекунад, ки Академияи Маќом дар шањри Душанбе ва Њунар
дар шањри Хуљанд аз шумули онњо мебошанд. Соли 2003 дар њамкорї бо ширкати «Смитсониан Фолквайс Рекодингс» як зумра осори мусиќии Осиёи Марказї, минљумла альбоми Академияи Маќом интишор шудаанд, ки соли 2006 номзади гирифтани љоизаи Грэмми гардиданд.
Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд аз соли 2003 сар карда ба табдилу эњёи Боѓи Хоруѓ ба минтаќаи истироњату фароѓати ањолї ва мењмонони шањр машѓул аст.Ободонии боѓ ва њудуди њамшафати он боиси пайдоиши мавзеи сарсабзи кобили таваљљўњ ва истифодаи умум гардида, ќадами муњимме дар рушду нумўъи шањр хоњад шуд.
© 2007 The Aga Khan Development Network. This is the only authorised Website of the Aga Khan Development Network.
Unless specifically stated, extracts (other than photographs) may be reproduced
without further permission, with due acknowledgment.