Aga Khan Development Network
 

What's New

General News

Press Releases

Speeches

Spotlights

Publications

In the Media

E-mail Bulletin Archives

Photos & Slide Shows

Videos

Podcasts

Awards received

Grant News

Rss

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи «Серена-Душанбе»

01 November 2011

 

Please also see: Related material, Speech in English, Speech in Russian

Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохон!
Меҳмонони мўҳтарам!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Сараввал бо камоли мамнуният ҳузури меҳмонони олиқадрро бо сарварии Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи меҳмонхонаи «Серена-Душанбе» хайра мақдам мегўям.

Сохтмони ин меҳмонхонаи замонавӣ, ки бо маблағгузории мустақими Хазинаи Оғохон оид ба рушд ва ҷалби қариб 300 нафар мутахассисону коргарони баландихтисос ба анҷом расонида шуд, самараи мушаххаси ҳамкориҳои дарозмуддати ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои шабакавии ин созмони бонуфуз мебошад.

Бо ибрози сипоси амиқ ба ташкилотҳои Хазина ва шахсан Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохон барои ин саҳми арзанда мехоҳам ҳамчунин ба сохтмончиёну муҳандисон, меъморон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин маҷмааи замонавӣ иштироки фаъол доштанд, аз номи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намоям.

Тайи бист соли соҳибистиқлолӣ мо кумаку дастгирии башардўстона ва самараи воқеии ҳамкориҳои созандаро бо Хазинаи Оғохон хуб эҳсос намуда, онҳоро ҳамеша қадрдонӣ мекунем.

Боиси қаноатмандист, ки самтҳои ҳамкории мо бо Хазинаи Оғохон тадриҷан тавсеа ёфта, имрўз бахшҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии моро фаро гирифтаанд.

ҳукумати мамлакат ба татбиқи лоиҳаҳое, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои марбутаи Хазинаи Оғохон ба нақша гирифта шудаанд ё мавриди иҷро қарор доранд, бо дарназардошти сатҳи аҳамияти онҳо барои иҷтимоиёту иқтисодиёти кишвар, таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд.
Аз ин нигоҳ, дар маркази пойтахти кишвар ба истифода додани маҷмааи меҳмонхонаи «Серена-Душанбе», ки тарҳи меъмории он анъанаҳои санъати миллии моро бо унсурҳои дизайни замонавӣ бо ҳам мепайвандад, рўйдоди пураҳамият мебошад.

Ин меҳмонхонаи панҷситорадор бо услуби хосаи меъмории худ ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза бахшида, бо ҳуҷраҳо, дафтару толорҳои кории ҷавобгўи меъёрҳои ҷаҳонӣ, имкониятҳои муосири истироҳативу солимгардонии худ, итминон дорам, ки ба рушди бозори хизматрасонии мутобиқ ба талаботи замон мусоидати муассир хоҳад кард.

Ба кор шурўъ кардани маҷмааи меҳмонхонаи “Серена-Душанбе” дар баробари имкониятҳои хизматрасонии он ҳамчунин омили муҳими такони тоза бахшидан ба рушди бахши муҳими иқтисодиёти кишвар - соҳаи туризм маҳсуб меёбад.

Вобаста ба ин, хотирнишон карданиам, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи шабакаҳои замонавии хизматрасонӣ, ки асоси муҳимтарини рушди туризм ба шумор меравад, корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд.

Мо барои ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ дар ин бахш шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам оварда, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ сохтмони якчанд меҳмонхонаи панҷситорадорро идома бахшидем ва то имрўз теъдоде аз онҳоро мавриди истифода қарор додем.

Як нуктаи дигарро низ бояд гуфт, ки ифтитоҳи маҷмааи меҳмонхонаи имрўза аҳамияти иҷтимоӣ низ дорад, зеро ба эҷоди ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Дар назар аст, ки дар он то 200 нафар кормандони касбҳои гуногун, аз ҷумла 90 фоизашон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин шаванд.

Мехоҳам таъкид намоям, ки мо барои минбаъд низ вусъат бахшидани раванди созандагиву бунёдкории сарзамини аҷдодиамон, аз ҷумла пойтахти давлати соҳибистиқлоли худ ҳамаи имкониятҳоро сафарбар хоҳем кард.

Зеро шаҳрсозиву шаҳрдорӣ мероси аҷдодӣ ва суннати бисёр неки мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад. Ва мо вазифадорем, ки онро идома бахшида, ба наслҳои оянда як мулки ободу давлати пешрафтаро ба мерос гузорем. Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки тозаву дилкаш ва ободу зебо нигоҳ доштани боғу гулгаштҳо, кўчаву хиёбонҳо ва иншооту биноҳои иҷтимоиву фароғатӣ вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини пойтахт ва умуман мамлакат мебошад

Дар хотимаи сухан мехостам бори дигар аз ташкилотҳои марбутаи Хазинаи Оғохон ва шахсан аз Волоҳазрат барои саъйю талош ва кўшишҳои пайвастаашон дар бунёди маҷмааи «Серена-Душанбе» изҳори сипос намуда, ба аҳли маъмурият ва кормандони меҳмонхона дар фаъолияти минбаъдаашон барори кор орзу намоям.

Изҳори итминон менамоям, ки ҳамкориҳои судманди байни ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмони бонуфузи Хазинаи Оғохон дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи мо идомаи бештар хоҳанд ёфт.

Бо ин ниятҳои нек ба ҳамаи ҳозирин рўзгори обод ва сарбаландиву комёбиҳо орзу менамоям.

Саломат бошед!

Bookmark and shareBookmark & Share

Return to top