Aga Khan Development Network
 

What's New

General News

Press Releases

Speeches

Spotlights

Publications

In the Media

E-mail Bulletin Archives

Photos & Slide Shows

Videos

Podcasts

Awards received

Grant News

Rss

His Highness the Aga Khan

СУХАНРОНИИ ВОЛОҲАЗРАТ ОҒОХОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНАИ СЕРЕНА ДУШАНБЕ - 1 НОЯБРИ СОЛИ 2011

01 November 2011

 

Please also see: 
Remarks by His Highness the Aga Khan (English, Russian)
Speech by Prince Amyn Aga Khan (English, Russian, Tajik)
Speech by President Emomali Rahmon
Press Release (English, Russian, Tajik)
Opening Ceremony Photographs
Video
Hotel Photographs
Dushanbe Serena Hotel Website
Dushanbe Serena Hotel Fact Sheet (English, Russian, Tajik)

Bismillah-ir-Rahman-ir-Rahim

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Ҷаноби мӯҳтарам, Президент Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷаноби мӯҳтарам, Давлаталӣ Саидов, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
Вазирони мӯҳтарам
Ҷанобон
Хонумон ва оқоён

Ман мехоҳам, ки ин субҳ мулоҳизоти худро бо изҳори сипос ба Ҷаноби мӯҳтарами Президент барои дастгирии ин муассиса ва изҳор намудани, онки меҳмонхона дар ду соли оянда ба пуррагӣ соҳиби муштарӣ хоҳад шуд, шурӯъ намоям! Ва ман мехоҳам оҷонсиҳои маблағгузорамонро ҳушдор диҳам, ки ман бо истифода аз он изҳорот барои дастёбӣ ба шартҳои мусоид барои барномаҳои ояндаамон дар Тоҷикистон, аз пештара ҳам зиёдтар талош ва музокирот хоҳам кард.

Имрӯз мо ба хотири маросими махсуси ифтитоҳ ва садоқат ҷамъ омадем ва ман хело хушҳолам, ки мо метавонем ин лаҳзаҳоро дар якҷоягӣ пешвоз бигирем.

Вақти он аст, ки дар бораи ояндаи ҷолиб гуфтугӯ ва андешаронӣ намоем, чунки мо дар лаҳазоти ифтитоҳи иншооти нав, ки барои рушди ин ҷомеа ва ин кишвар дар ин рӯзҳо ва солҳои оянда муҳим арзёбӣ мешавад, қарор дорем.

Аммо имрӯз ман инчунин дар бораи гузашта - ҳам гузаштаи наздик ва ҳам гузаштаи дур, ки бо маросими имрӯза пайванди хеле зич доранд - ва бо ҳама дастовардҳои хубе, ки мо умеди соҳиб шудани онҳоро дорем, андеша мекунам.

Рӯҳияи барномаи мо боз ҳам, ба замонҳои роҳи абрешими қадимӣ рафта мерасад, вақте ки ин минтақа, нуқтаи калидии пайвасткунӣ байни одамони дорои фарҳангҳо, забонҳо ва қавмиятҳои гуногун, ки аз гӯшаҳои муқобили ҷаҳони маъруфи он замона меомаданд, ҳисоб меёфт. Ва ин сайёҳон дар баъзе аз корвонсаройҳои бошукӯҳтарини абадбунёд зиндагӣ мекарданд ва онҳо баъзе аз ёдгориҳои зеботарини ҷаҳонро бунёд намуданд: Самарқанд, Хева ва Бухоро номҳои барҷастатарини онҳо мебошанд. Агар мо бо забони асри 21 ҳарф занем ва воқеияти он замонҳои гузаштаро шарҳ диҳем, шояд ин маконро ҳамчун пайвандҳои аввалини ҷараёни барвақтии “глобализатсия” медидем, ҳарчанд дар он замон кортҳои кредитӣ мавҷуд набуданд, ки ба воситаи онҳо барои корвонсаройҳои суриягӣ, туркӣ ва дигарҳо пул пардохт карда шаванд.

Ин мафҳуми онро дорад, ки аксарияти мо ояндаи нави Душанбе ва Тоҷикистонро ҳамчун нақшофарони дубораи муҳими зинаи глобалӣ мебинем.

Чун ин ҷараён рушд меёбад, мо умедворем, ки меҳмонхонаи наву зебои Серена ҳам рӯҳияи гузаштаи қадимии ин кишварро инъикос менамояд ва ҳам бо кормандони ҳирфавӣ, барои нақшофарони қарни оянда маъвои меҳмоннавозӣ мегардад - чун онҳо фавҷ-фавҷ ба ин қисмати нозанин ва ҷолиби ҷаҳон рӯй меоранд. Танҳо фикр кунед, ки киҳо ба инҷо меоянд - тоҷирон, бонкдорон, тарроҳон ва мудирони корхонаҳои тиҷоратӣ , маъмурони давлатӣ ва дипломатҳо, роҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ, сайёҳон, таътилкунандагон, ҳунармандон ва нависандагон, одамони касбу кори гуногуни гӯшаҳои дуру наздики ҷаҳони мо. Ҳамаи онҳо, ҳангоми ташрифи худ, дар бораи иқтидори ҷолиби ин кишвар ва минтақа хоҳанд омӯхт ва ҳатто баъзеи онҳо то ҳадде хоҳиши дар ин ҷо муқим шуданро пайдо мекунанд. Оё дар замони роҳи абрешим чунин набуд?

Бо андешаронӣ аз гузашта, ман рӯзҳои муҳими таърихи тоҷиконро ба ёд меоварам. Бист сол қабл, истиқлолият; шонздаҳ сол қабл имзои қарордод байни Шабакаи Оғохон оид ба рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳмгирӣ ба рушди ин кишвар. Ин қарордод ба мо имкон дод, ки ҳамчун шарикон барои корҳои рушди Тоҷикистон ва беҳтар сохтани сифати зиндагии мардуми ин кишвар ҳамдастӣ намоем. Мо натанҳо барои сохтани ин меҳмонхона тамаркуз намудем, балки мо дар соҳаи рушди деҳот, саломатӣ ва таълим дар табақаҳои гуногун, истеҳсоли энергия ва инчунин бунёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва маркази Исмоилиён дар инҷо, дар шаҳри Душанбе кор бурдем.

Ҳадаф чӣ аст? Ҳадафи мо ин овардани кӯмаки бисёрсоҳавӣ ба ҷараёни рушди кишварҳое, ки дар он ҷо фаъолият мекунем, мебошад.

Дар чунин рӯз, мо ба оянда менигарем ва шарҳи маҳак ва ҳадафҳои пешгузоштаи худро меҷӯем ва бо инки мо бо шарикон кор мекунем ва бо истифода аз ин фурсат - ман шариконамонро дар ин толор мебинам - мехоҳам ба онҳо барои амалӣ кардани корҳои мо дар Тоҷикистон ташаккур гӯям.

Ман инчунин мехоҳам, махсусан меъморон ва тарроҳон, паймонкорон, мудирони лоиҳа ва ҳамаи кормандоне, ки маҳорат ва нерӯи худро барои амалигардонии ин лоиҳа сарф намуданд, шодбош гӯям. Ман хушҳолам, ки бародари ман - бале, ӯ бародари ман аст - ки бо ҳамаи ин одамон ҳамкории хеле наздик дошт - барои изҳори ин ташаккурот маро шарикӣ менамояд - инчунин аз номи ташкилоти болоӣ, Хазинаи Оғохон оид ба рушд, ки гурӯҳи Серена таҳти он фаъолият мекунад, сухан мегӯяд.

Ман умедворам, ки ҳар гоҳе кадоме аз шумо, ки тасмими дар ин ҷо иқомат карданро гирад, дарёфт мекунад, ки ба чизе ки мо кӯшиши ноил шуданро кардем, иншоолоҳ ноил хоҳем шуд.

Ташаккур.

Bookmark and shareBookmark & Share

Return to top